bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 21
Matthew 21
Tajik NT 1999
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 22 →
1
Чун ба Уршалим наздик шуда, ба Байт-Фоҷии назди кӯҳи Зайтун расиданд, Исо ду шогирдро фиристода,
2
ба онҳо гуфт: «Ба ин деҳа, ки рӯ ба рӯи шумост, равед; ва дарҳол модахареро баста меёбед, ки куррааш назди вай аст; онҳоро воз карда, назди Ман биёред.
3
Ва агар касе ба шумо ҳарфе занад, гӯед, ки Худованд ба инҳо эҳтиёҷ дорад; ва дарҳол онҳоро мефиристад».
4
Ин ҳама рӯй дод, то ба амал ояд сухане ки бо забони пайғамбар гуфта шудааст:
5
“Ба духтари Сион гӯед: «Инак, Подшоҳи ту бар харе, яъне куррае, бачаи модахаре савор шуда, Бо фурӯтанӣ назди ту меояд»”.
6
Шогирдон рафтанд ва он чи Исо фармуда буд, ба ҷо оварданд:
7
Модахар ва курраро оварда, ҷомаҳои худро бар онҳо партофтанд, ва Ӯ бар онҳо савор шуд.
8
Мардуми бисёре ҷомаҳои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дарахтонро бурида, бар роҳ густурданд.
9
Ва мардуме ки аз пеш ва аз пас равона буданд, фарёд мекарданд: «Ҳӯшионо ба Писари Довуд! Муборак аст Он ки ба номи Худованд меояд! Ҳӯшионо дар арши аъло!»
10
Ва ҳангоме ки Ӯ ба Уршалим ворид шуд, тамоми аҳли шаҳр ба ҳаяҷон омада, мегуфтанд: «Ин кист?»
11
Мардум мегуфтанд: «Ин аст Исои пайғамбар аз Носираи Ҷалил».
12
Ва Исо ба ибодатгоҳи Худо даромада, ҳамаи онҳоеро, ки дар ибодатгоҳ харидуфурӯш мекарданд, берун ронд, мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард.
13
Ва ба онҳо гуфт: «Навишта шудааст, ки “хонаи Ман хонаи дуо номида мешавад; аммо шумо онро дуздхона кардаед”».
14
Дар ибодатгоҳ назди Ӯ кӯрон ва лангон омаданд, ва Ӯ онҳоро шифо дод.
15
Чун сардорони коҳинон ва китобдонон диданд, ки Ӯ муъҷизаҳоро ба амал овард, ва кӯдакон дар ибодатгоҳ “ҳӯшионо ба Писари Довуд! ” гӯён хитоб мекарданд, норозӣ шуда,
16
ба Ӯ гуфтанд: «Оё Ту мешунавӣ, ки онҳо чӣ мегӯянд?» Исо ба онҳо гуфт: «Ҳа! Магар нахондаед: “Аз даҳони кӯдакон ва ширмакон ситоишро ба вуҷуд овардаӣ”?»
17
Ва онҳоро тарк карда, аз шаҳр сӯи Байт-Анё рафт ва шабро дар он ҷо гузаронд.
18
Бомдодон, ҳангоме ки ба шаҳр бармегашт, гурусна монд.
19
Дар сари роҳ дарахти анҷире дида, назди он рафт ва ғайр аз баргҳо, чизе бар он наёфта, ба он гуфт: «Пас аз ин то абад мевае аз ту нарӯяд». Ва ҳамон дам дарахти анҷир хушк шуд.
20
Шогирдон инро дида, ҳайрон монданд ва гуфтанд: «Чӣ гуна ин дарахти анҷир зуд хушк шуд?»
21
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар имон дошта бошед ва шубҳа накунед, на танҳо онро, ки ба дарахти анҷир рӯй дод, ба амал меоваред, балки агар ба ин кӯҳ гӯед, ки “бархеста, худро ба баҳр парто”, — чунин мешавад.
22
Ва ҳар он чи дар дуо бо имон хоҳиш кунед, ба даст меоваред».
23
Ва ҳангоме ки ба ибодатгоҳ омада таълим медод, сардорони коҳинон ва пирони қавм назди Ӯ омада, гуфтанд: «Бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунӣ? Ва кист, ки ин ҳуқуқро ба Ту додааст?»
24
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам; агар шумо онро ба Ман гӯед, Ман ҳам ба шумо мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам:
25
Таъмиди Яҳё аз куҷо буд, аз осмон ё аз инсон?» Онҳо дар дили худ андеша карда, мегуфтанд: «Агар гӯем, ки “аз осмон буд”, Ӯ мегӯяд: “Пас чаро ба вай бовар накардед? ”
26
Ва агар гӯем, ки “аз инсон буд” — аз мардум метарсем, чунки ҳама Яҳёро пайғамбар медонанд».
27
Ва дар ҷавоби Исо гуфтанд: «Намедонем». Ӯ ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам.
28
Лекин фикри шумо чист? Шахсе ду фарзанд дошт; ва назди якумӣ омада, гуфт: “Писарам! Имрӯз ба токзори ман рафта кор кун”.
29
Дар ҷавоб гуфт: “Намехоҳам”; аммо баъд пушаймон шуд ва рафт.
30
Назди дуюмӣ омада, ҳамон гапро гуфт. Вай дар ҷавоб гуфт: «Меравам, эй хоҷа»; ва нарафт.
31
Кадом як аз ин ду нафар хоҳиши падарро ба ҷо овард?» Ба Ӯ гуфтанд: «Якумӣ». Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки боҷгирон ва фоҳишагон пеш аз шумо ба Подшоҳии Худо дохил мешаванд.
32
Чунки Яҳё назди шумо бо роҳи росткорӣ омад, ва шумо ба ӯ бовар накардед, лекин боҷгирон ва фоҳишагон ба ӯ бовар карданд; ва шумо, инро дида, пас аз он ҳам пушаймон нашудед, то ба ӯ бовар кунед.
33
Масали дигаре шунавед. Соҳиби хонае буд, ки ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште дар он сохт, бурҷе барпо кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт.
34
Чун мавсими мева расид, ғуломони худро назди токдорон фиристод, то меваи худро гирад.
35
Лекин токдорон ғуломони ӯро гирифта, баъзеро заданд, баъзеро куштанд ва баъзеро сангборон карданд.
36
Боз ӯ ғуломони дигарро фиристод, ки аз пештара зиёдтар буданд; ба онҳо низ ҳамон тавр амал карданд.
37
Дар охир писари худро назди онҳо фиристода, гуфт: “Аз писарам шарм хоҳанд дошт”.
38
Лекин токдорон чун писарро диданд, ба якдигар гуфтанд: “Ин ворис аст; биёед, вайро кушем ва соҳиби мерос шавем”.
39
Ва ӯро гирифта, аз токзор берун бароварданд ва куштанд.
40
Пас, чун соҳиби токзор ояд, бо он токдорон чӣ мекунад?»
41
Ба Ӯ гуфтанд: «Он бадкоронро бо сахтӣ нобуд карда, токзорро ба токдорони дигаре месупорад, ки меваро дар мавсимаш ба ӯ диҳанд».
42
Исо ба онҳо гуфт: «Магар дар Китоб ҳаргиз нахондаед: “Санге ки бинокорон рад карданд, Санги сари гӯшаи бино гардид: Ин аз ҷониби Худованд шуд Ва дар назари мо ҳайратангез аст”?
43
Бинобар ин ба шумо мегӯям, ки Подшоҳии Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода мешавад, ки меваи онро биёрад.
44
Ва ҳар кӣ бар ин санг афтад, пора-пора мешавад; ва агар он бар касе афтад, вайро гард-гард мекунад».
45
Сардорони коҳинон ва фарисиён масалҳои Ӯро шунида, донистанд, ки Ӯ дар бораи онҳо сухан меронад.
46
Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд; лекин аз мардум тарсиданд, чунки Ӯро пайғамбар медонистанд.
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 22 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
Recommended Reading
Commentary
Matthew Commentaries
→
Devotional
Matthew Devotional Guide
→
Get This Bible
Tajik NT Study Bible
→