bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 16
Matthew 16
Tajik NT 1999
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 17 →
1
Фарисиён ва саддуқиён омаданд ва Ӯро озмуда, хоҳиш карданд, ки аломати осмонӣ ба онҳо нишон диҳад.
2
Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шомгоҳон шумо мегӯед: “Ҳаво хуб мешавад, чунки осмон сурх аст”;
3
бомдодон мегӯед: “Имрӯз ҳаво бад мешавад, чунки осмон сурх ва гирифта мебошад”. Эй дурӯягон! Симои осмонро фарқ карда метавонед, аммо аломатҳои замонҳоро фарқ карда наметавонед?
4
Насли бад ва зинокор аломате металабад, ва ба вай ғайр аз аломати Юнуси пайғамбар дода намешавад». Ва онҳоро тарк карда, равона шуд.
5
Ва чун шогирдон ба соҳили дигар гузаштанд, нон гирифтанро фаромӯш карда буданд.
6
Исо ба онҳо гуфт: «Бохабар бошед, аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунед».
7
Онҳо дар дили худ андешида мегуфтанд: «Ин аз он сабаб аст, ки нон нагирифтаем».
8
Исо инро дарёфта, ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро дар дили худ андеша мекунед, ки нон нагирифтаед?
9
Оё ҳанӯз намефаҳмед ва дар ёд надоред он панҷ нон ва панҷ ҳазор нафар ва чанд сабадро, ки пур карда бардоштед,
10
ва он ҳафт нон ва чор ҳазор нафар ва чанд сабадро, ки пур карда бардоштед?
11
Чаро намефаҳмед, ки ҳангоме ба шумо гуфтам, ки аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунед, дар бораи нон нагуфтаам?»
12
Он гоҳ фаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо на аз хамиртуруши нон, балки аз таълими фарисиён ва саддуқиён ҳазар карданро фармудааст.
13
Ҳангоме ки Исо ба ҳудуди Қайсарияи Филиппус омад, аз шогирдони Худ пурсид: «Одамон Маро, ки Писари Одам ҳастам, кӣ мегӯянд?»
14
Гуфтанд: «Баъзе мегӯянд, ки Яҳёи Таъмиддиҳандаӣ, баъзе мегӯянд, ки Илёсӣ, ва баъзе мегӯянд, ки Ирмиёӣ ё яке аз пайғамбаронӣ».
15
Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо Маро кӣ мегӯед?»
16
Шимъуни Петрус дар ҷавоб гуфт: «Ту Масеҳ, Писари Худои зинда ҳастӣ».
17
Ва Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Хушо ту, эй Шимъун ибни Юнус, чунки ҷисму хун инро ба ту ошкор накардааст, балки Падари Ман, ки дар осмон аст.
18
Ва Ман ба ту мегӯям: ту Петрус ҳастӣ; ва бар ин харсанг Ман ҷамоати Худро бино мекунам, ва дарвозаҳои дунёи мурдагон бар он ғолиб намешаванд.
19
Ва калидҳои Подшоҳии Осмонро ба ту месупорам; ва он чи ту бар замин бандӣ, дар осмон баста мешавад; ва он чи бар замин кушоӣ, дар осмон кушода мешавад».
20
Он гоҳ ба шогирдони Худ фармуд, то ба ҳеҷ кас нагӯянд, ки Ӯ Исои Масеҳ аст.
21
Аз ҳамон вақт Исо ба фаҳмондан ба шогирдони Худ оғоз намуд, ки Ӯ бояд ба Уршалим равад ва аз дасти пирон, сардорони коҳинон ва китобдонон бисёр азоб кашад, ва кушта шавад, ва пас аз се рӯз бархезад.
22
Ва Петрус Ӯро ба як сӯ бурда, ба эътироз намудан сар кард: «Ҳошо Туро, эй Хоҷа! Ин ба Ту ҳаргиз рӯй надиҳад!»
23
Лекин Ӯ баргашта ба Петрус гуфт: «Эй шайтон, аз Ман дур шав! Ту васвасакоре барои Ман ҳастӣ, зеро ту на оид ба чизҳои илоҳӣ, балки оид ба чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ».
24
Он гоҳ Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Агар касе аз пайи Ман омадан хоҳад, бояд худро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд.
25
Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳондан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро пайдо мекунад.
26
Ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дунёро ба даст оварад ва ҷони худро аз даст диҳад? Ё ки одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?
27
Зеро Писари Одам дар ҷалоли Падари Худ бо фариштаҳои Худ меояд, ва он вақт ба ҳар кас мувофиқи корҳояш сазо медиҳад.
28
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Писари Одамро, ки дар Подшоҳии Худ меояд, набинанд, маргро намечашанд».
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 17 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28