bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 4
Matthew 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 5 →
1
Он гоҳ Рӯҳ Исоро ба биёбон бурд, то Ӯро иблис озмояд,
2
ва чил шабонарӯз рӯза дошта, охир гурусна монд.
3
Ва озмоишкунанда назди Ӯ омада, гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин сангҳо гӯй, ки нон шаванд».
4
Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Навишта шудааст, ки “одамизод на танҳо бо нон зинда аст, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо барояд”».
5
Пас иблис Ӯро ба шаҳри муқаддас гирифта бурд ва ба кунгураи ибодатгоҳ гузошт,
6
ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, Худро ба зер андоз; чунки навишта шудааст: “Ба фариштаҳои Худ дар бораи Ту фармон медиҳад, Ва Туро рӯи даст мебаранд, Ки мабодо пои Худро ба санге занӣ”».
7
Исо ба вай гуфт: «Ҳамчунин навишта шудааст: “Худованд Худои худро наозмой”».
8
Боз иблис Ӯро ба кӯҳи бисёр баланде бардошта бурд ва ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ва шукӯҳи онҳоро ба Ӯ нишон дод,
9
ва ба Ӯ гуфт: «Агар рӯй ба замин ниҳода, ба ман саҷда кунӣ, ҳамаи онҳоро ба Ту медиҳам».
10
Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Аз Ман дур шав, эй шайтон; чунки навишта шудааст: “Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо”».
11
Пас иблис Ӯро вогузошт, — ва инак, фариштаҳо омада, ба Ӯ хизмат мекарданд.
12
Чун Исо шунид, ки Яҳё дастгир шудааст, ба Ҷалил равона шуд.
13
Ва Носираро тарк карда, дар Кафарнаҳум, ки дар канори кӯл аст, дар ҳудуди Забулун ва Нафтолӣ сокин шуд,
14
то ба амал ояд сухане ки бо забони Ишаъёи пайғамбар гуфта шудааст:
15
“Сарзамини Забулун ва сарзамини Нафтолӣ, Дар роҳи назди кӯл, он сӯи Урдун, Ҷалили халқҳо,
16
Қавме ки дар торикӣ мезистанд, нури бузурге диданд, Ва бар онҳое ки дар кишвари марг ва сояи он менишастанд, Нуре дурахшид”.
17
Аз ҳамон вақт Исо ба мавъиза оғоз намуд ва гуфт: «Тавба кунед, чунки Подшоҳии Осмон наздик аст».
18
Ва чун аз канори кӯли Ҷалил мегузашт, ду бародарро: Шимъунро, ки Петрус меномиданд, ва бародари ӯ Андриёсро дид, ки дар кӯл тӯр меандохтанд; чунки моҳигир буданд;
19
ва ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди одамон гардонам».
20
Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, аз пайи Ӯ равона шуданд.
21
Чун аз он ҷо гузашт, ду бародари дигарро, Яъқуб ибни Забдой ва бародари вай Юҳанноро дид, ки дар киштӣ бо падари худ Забдой тӯрҳои худро соз мекарданд, ва онҳоро даъват намуд.
22
Ва онҳо дарҳол киштӣ ва падари худро гузошта, аз пайи Ӯ равона шуданд.
23
Ва Исо дар тамоми Ҷалил мегашт ва дар куништҳои онҳо таълим дода, Инҷили Подшоҳиро мавъиза мекард ва ҳар беморӣ ва ҳар дарди мардумро шифо мебахшид.
24
Ва овозаи Ӯ дар тамоми Сурия паҳн шуд; ва ҳамаи беморонро, ки ба бемориҳо ва дардҳои гуногун гирифтор буданд, ҳам девзадагон, ҳам шабгардон ва ҳам шалҳоро назди Ӯ меоварданд, ва Ӯ онҳоро шифо мебахшид.
25
Ва мардуми бисёре аз Ҷалил, Декаполис, Уршалим, Яҳудия ва он тарафи Урдун аз пайи Ӯ равона буданд.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28