bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 13
Matthew 13
Tajik NT 1999
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 14 →
1
Ва ҳамон рӯз Исо аз хона берун омада, дар канори кӯл нишаст.
2
Ва тӯдаҳои калони мардум назди Ӯ ҷамъ омаданд, бинобар ин Ӯ ба киштӣ даромада, нишаст, ва тамоми мардум дар канори кӯл меистоданд.
3
Ва бо масалҳо чизҳои бисёрро ба онҳо омӯхта, гуфт: «Инак, корандае барои пошидани тухм берун рафт;
4
ва чун тухм мепошид, миқдоре дар канори роҳ афтод, ва парандагон омада, онро хӯрданд.
5
Миқдоре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисёр набуд, ва бо тезӣ сабзид, зеро хок чуқур набуд.
6
Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва азбаски реша надошт, хушк шуд.
7
Миқдоре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд.
8
Миқдоре дар хоки нағз афтод ва бор овард: баъзе сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сӣ.
9
Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад!»
10
Ва шогирдонаш омада, ба Ӯ гуфтанд: «Чаро ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯӣ?»
11
Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Чунки ба шумо донистани сирҳои Подшоҳии Осмон дода шудааст, лекин ба онҳо дода нашудааст;
12
зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода ва афзун мешавад; лекин ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта мешавад.
13
Аз он сабаб ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯям, ки онҳо нигариста, намебинанд, ва гӯш дода, намешунаванд ва намефаҳманд;
14
ва дар ҳаққи онҳо пайғамбарии Ишаъё ба амал меояд, ки гуфтааст: “Бо гӯш мешунавед, вале намефаҳмед; Бо чашм менигаред, вале намебинед;
15
Зеро дили ин қавм сахт шудааст Ва бо гӯшҳои вазнин мешунаванд Ва чашмони худро бастаанд, Мабодо бо чашмон бинанд Ва бо гӯшҳо шунаванд Ва бо дил фаҳманд Ва рӯ оваранд Ва Ман онҳоро шифо диҳам”.
16
Лекин хушо чашмони шумо, ки мебинанд, ва гӯшҳои шумо, ки мешунаванд;
17
зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям, бисёре аз пайғамбарон ва росткорон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мешунавед, шунаванд ва нашуниданд.
18
Пас шумо маънои масали корандаро шунавед:
19
Ҳар кӣ каломи Подшоҳиро шунавад, ва нафаҳмад, шарир назди вай омада, он чиро, ки дар дили вай кошта шудааст, мерабояд: ин ҳамон аст, ки дар роҳ кошта шудааст.
20
Кошташуда дар санглох он кас аст, ки каломро мешунавад ва дарҳол бо шодӣ қабул мекунад;
21
лекин дар худ реша надорад ва ноустувор аст, ва чун аз боиси калом сахтие ё таъқибе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтад.
22
Кошташуда дар миёни хорҳо он кас аст, ки каломро мешунавад, лекин ташвиши ин зиндагӣ ва фиребандагии сарват каломро пахш мекунанд, ва он бесамар мегардад.
23
Кошташуда дар хоки нағз он кас аст, ки каломро мешунавад ва мефаҳмад ва бор ҳам меоварад: баъзе сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сӣ».
24
Ва масали дигаре барои онҳо оварда, гуфт: «Подшоҳии Осмон монанди касест, ки дар киштзори худ тухми некӯ коштааст.
25
Лекин ҳангоме ки одамон дар хоб буданд, душмани вай омада, дар миёни гандум алафи бегона кошт ва рафт.
26
Чун киштзор сабзид, ва самараш ба назар намоён шуд, алафи бегона ҳам пайдо шуд.
27
Ғуломони соҳиби киштзор омада, гуфтанд: “Эй хоҷа! Оё дар киштзори худ тухми некӯ накоштаӣ? Пас алафи бегона аз куҷо пайдо шуд? ”
28
Вай ба онҳо гуфт: “Ин кори душман аст”. Ғуломон ба вай гуфтанд: “Оё мехоҳӣ равем ва онро чида гирем? ”
29
Вай гуфт: “Не, мабодо дар вақти чида гирифтани алафи бегона гандумро ҳам аз реша канед.
30
Бигзоред, ки то вақти дарав ҳар ду бо ҳам рӯянд; ва дар мавсими дарав ба даравгарон мегӯям: аввал алафи бегонаро чида гиреду барои сӯзондан банд-банд кунед; лекин гандумро дар анбори ман ҷамъ кунед”».
31
Масали дигаре барои онҳо оварда, гуфт: «Подшоҳии Осмон монанди донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар киштзори худ коштааст,
32
ва гарчанде ки хурдтарини тухмҳост, чун рӯяд, аз ҳамаи растаниҳои боғ бузургтар мешавад ва дарахт мегардад, ба тавре ки парандагони осмон омада, дар шохаҳояш лона месозанд».
33
Ва масали дигаре ба онҳо гуфт: «Подшоҳии Осмон монанди хамиртурушест, ки зане онро гирифта, ба се ченак орд андохт, то тамоми хамир расид».
34
Ҳамаи инҳоро Исо ба мардум бо масалҳо баён мекард, ва бе масал ба онҳо сухан намегуфт,
35
то ба амал ояд каломе ки бо забони пайғамбар гуфта шудааст: “Даҳони Худро барои масалҳо мекушоям; Чизҳоеро, ки аз вақти бунёдшавии ҷаҳон пинҳон мондааст, баён менамоям”.
36
Он гоҳ Исо мардумро рухсати рафтан дода, ба хона даромад. Ва шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Масали алафи бегонаи киштзорро ба мо фаҳмон».
37
Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Корандаи тухми некӯ Писари Одам аст,
38
киштзор ин ҷаҳон аст; ва тухми некӯ писарони Подшоҳӣ ҳастанд, ва алафҳои бегона писарони шарир мебошанд;
39
ва душмане ки онҳоро кошт, иблис аст; мавсими дарав охири ин давра аст, ва даравгарҳо фариштаҳоянд.
40
Пас, чӣ тавре ки алафҳои бегонаро ҷамъ карда, дар оташ месӯзонанд, охири ин давра низ ҳамон тавр мешавад:
41
Писари Одам фариштаҳои Худро мефиристад, ва онҳо аз Подшоҳии Ӯ ҳамаи васвасакорон ва бадкирдоронро ҷамъ мекунанд,
42
ва онҳоро ба кӯраи оташ мепартоянд; дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон мешавад.
43
Он гоҳ росткорон дар Подшоҳии Падари худ чун офтоб дурахшон мешаванд. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад! Масалҳо дар бораи ганҷи ниҳон, марворид ва тӯр
44
Боз Подшоҳии Осмон монанди ганҷест, ки дар киштзор ниҳон бошад, ва онро касе ёфта, пинҳон кард; ва аз шодии он рафта, ҳар чи дошт, фурӯхт ва он киштзорро харид.
45
Боз Подшоҳии Осмон монанди савдогарест, ки марворидҳои хуб меҷуст;
46
ва чун як марвориди гаронбаҳо ёфт, рафта, ҳар чи дошт, фурӯхт ва онро харид.
47
Боз Подшоҳии Осмон монанди тӯрест, ки ба баҳр андохта шуд, ва ҳар навъ моҳӣ ба он даромад,
48
ва чун пур шуд, онро ба соҳил кашиданд ва нишаста, хубҳоро дар зарфҳо ҷамъ карданд, лекин бадҳоро дур партофтанд.
49
Дар охири ин давра ҳамин тавр мешавад: фариштаҳо берун омада, бадкоронро аз миёни росткорон ҷудо мекунанд,
50
ва онҳоро ба кӯраи оташ мепартоянд: дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон мешавад».
51
Исо ба онҳо гуфт: «Оё ҳамаи инро фаҳмидед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Ҳа, эй Хоҷа!»
52
Ба онҳо гуфт: «Бинобар ин ҳар китобдоне ки дар Подшоҳии Осмон таълим ёфтааст, монанди соҳиби хонаест, ки аз ганҷинаи худ чизҳои нав ва кӯҳна берун меоварад».
53
Ҳангоме ки Исо ин масалҳоро ба охир расонд, аз он ҷо равона шуд;
54
ва ба шаҳри Худ омада, онҳоро дар куништҳошон таълим дод, ба тавре ки онҳо ҳайрон монда, мегуфтанд: «Аз куҷост дар Ӯ чунин ҳикмат ва муъҷизаҳо?
55
Оё Ӯ писари устои хонасоз нест? Оё номи модараш Марям нест, ва бародаронаш Яъқуб, Юсӣ, Шимъун ва Яҳудо?
56
Ва оё ҳамаи хоҳаронаш дар байни мо намебошанд? Пас, аз куҷост дар Ӯ ҳамаи ин чизҳо?»
57
Ва аз Ӯ норозӣ буданд. Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беқадр нест, ҷуз дар шаҳри худ ва дар хонаи худ».
58
Ва дар он ҷо ба сабаби беимонии онҳо муъҷизаи бисёр нишон надод.
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 14 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28